Дастпарвари мактаби рӯзноманигории Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва собиқ хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж» Доро Суҳробӣ барандаи ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

28-уми декабр  дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кор бо ҷавонон баргузор  гардид, ки дар он раиси Кумитаи  мазкур Аҳтам Абдуллозода,  раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимӣ, мувини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Ғайрат, муовини раиси Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ширин Амонзода ва намояндагони вазорату идораҳо, ҷавонон ва ғолибони ҷоизаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  иштирок карданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ҷоизадорони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, санъат, рӯзноманигорӣ, меъморӣ, барномасозии компютерӣ, техника, технология – инноватсия, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва дигар ғолибони озмунҳо  муайян шуданд.

Дар бахши рӯзноманигорӣ сармуҳаррири нашрияи «Паёми донишҷӯ»-и Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Дороҷон Маҳкамов ва дигар рӯзноманигорони ҷавони кишвар  барандаи ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Устодони ӯ аз Донишкада бар ин назаранд, ки Доро қаламкашест нуктсанҷ, дақиқкор, борикбин ва воқеиятнигор. Пайваста дар такопӯст. Мақолоти таҳлилию интиқодияш ҳамеша ба вокунишҳои ҷомеа мувоҷеҳ гардида, дар ислоҳ ва рафъи камбудиҳо нақши бориз мегузоранд. Навиштаҳояш дар матбуоти даврии мамлакат ва воситаҳои ахбори электронӣ ба таври васеъ пахш мешаванд. Дар густариши матбуоти донишгоҳӣ саҳми шоиста гузошта, яке аз ибтикормандон ва бунёдгузорони бахши таҳлилӣ-иттилоотӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳо маҳсуб меёбад.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз ин ҷоизаи дастпарвари худ ифтихор карда, дар фаъолият ва эҷоди ӯ комёбиҳои нав мехоҳанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here