Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим  дар маросиме, ки  дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ғолибони озмуни беҳтарин маводи журналистӣ дар мавзӯи бемории силро қадрдонӣ менамоянд.

Гуфта мешавад, ки имсол беш аз 50 журналисти маҳаллӣ дар озмуни солона дар мавзӯи бемории сил иштирок кардаанд. Намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, табибони силшинос ва коршиносони ВАО, ки аъзои ҳакамон буданд, маводи воридшуда ба озмунро дар бахшҳои расонаҳои чопӣ, интернетӣ ва радиову телевизион баҳогузорӣ ва ғолибонро муайян кардаанд. Ғолибони озмун дар маросими махсус меҳмонхонаи «Шератон»-и Душанбе, 15-уми сентябр, соати 15:00, эълон ва қадрдонӣ хоҳанд шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here