Дирӯз дар пойтахти Тоҷикистон барои бунёди чор меҳмонхонаи замонавии панҷситора санги асос гузошта шуд, ки дар ин маросим Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкат карданд.

Меҳмонхонаи панҷситорадори «Дипломат» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рушди Осиё» дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе дар кӯчаи Бохтар 3-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёд мегардад. Меҳмонхонаи 16-ошёна бо назардошти талаботи байналмилалӣ сохта хоҳад шуд. Тибқи лоиҳа, иншоот аз 80 ҳуҷра, аз ҷумла 2 ҳуҷра барои шахсони воломақом, 8 ҳуҷараи люкс, 20 ҳуҷраи нимлюкс ва 50 ҳуҷраи муқаррарӣ бо шароити муосир иборат мебошад. Иншооти муосири хизматрасонӣ бо имкони қабули зиёда аз 150 нафар меҳмон дар як вақт сохта мешавад. Дар меҳмонхона як қатор инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла 4 толори маҷлис, таваққуфгоҳи зеризаминӣ, 1 тарабхона, 2 қаҳвахона, ҳавзи шиноварӣ, 2 кошонаи ҳусн, утоқҳои корӣ ва 2 толори варзишию солимгардонӣ барои мизоҷон фароҳам карда мешаванд.

Дар хиёбони Рӯдакии пойтахт барои сохтмони Маҷмааи баландошёнаи бисёрфунксионалӣ, бо ҷойгиркунии меҳмонхонаи замонавии панҷситорадори 24 ошёна ва ду адад апартаментҳои резиденсии (қароргоҳӣ) 18-ошёнаи «GRAND RUDAKI TOWER» санги асос гузошта шуд. Бинои меҳмонхонаи панҷситорадор аз 24 ошёна иборат буда, ҳамчунин ду бинои 18-ошёнаи дигари апартаментҳои резиденсӣ низ дар шафати он бунёд хоҳад ёфт. Иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ «Себистон-2018» бунёд ёфта, он дорои 141 ҳуҷра хоҳад буд ва имконияти қабули меҳмонони сатҳи олиро хоҳад дошт. Аз ҷумла, дар меҳмонхонаи панҷситорадор 2 ҳуҷраи Президентӣ, 30 ҳуҷраи люкс ва полулюкс, 20 утоқи дуҳуҷрагӣ ва 100-тои дигар ҳуҷраҳои стандартӣ бунёд мегардад. Муҳлати сохтмони ин иншооти замонавии хизматрасонӣ ду сол пешбинӣ гардидааст ва он дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Дар яке аз мавзъҳои зебоманзари пойтахт — кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои бисёрфунксионалии баландошёна оғози расмӣ бахшида шуд. Ҳангоми муаррифии лоиҳаи иншоот иттилоъ дода шуд, ки бино аз меҳмонхонаи 5- ситорадор ва маркази тиҷоратии бузург иборат аст. Тибқи лоиҳа, ин маркази бузурги бисёрфунксионалӣ аз ду бино иборат буда, дорои меҳмонхонаи 20-ошёна ва маркази тиҷоратии 17-ошёна мебошад. Шумораи умумии ҳуҷраҳои меҳмонхона 160 адад буда, аз 2 ҳуҷра барои меҳмонони воломақом, ҳар яке бо масоҳати 250 метри мураббаъ дар ошёнаҳои 12-ум ва 15-ум, 13 ҳуҷраи люкс, ки масоҳати ҳар яки онҳо 80 метри мураббаъ, 35 ҳуҷраи стандартӣ иборат мебошад. Дар маҷмӯъ меҳмонхона барои 300 нафар имкони буду бош фароҳам меорад. Бунёди иншооти мазкур барои таъсиси 150 ҷойи нави корӣ аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ замина фароҳам меорад. Мувофиқи лоиҳа масоҳати умумии бинои бисёрфунксионалӣ қариб 1 гектарро ташкил дода, фармоишгар ва лоиҳакаши он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-Строй-Сервис» мебошад.

Дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрории ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои оғози корҳои сохтмонӣ дар Меҳмонхонаи бисёрошёнаи замонавии «WYNDHAM  Dushanbe hotel & Resorts» санги асос гузошта шуд. Иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхона дар яке аз мавзеъҳои хеле мувофиқи пойтахт сохта мешавад. Он аз 9 ошёна иборат мебошад ва дараҷаи 5 ситораро дошта, “WYNDHAM  Dushanbe hotel & Resorts” номгузорӣ шудааст. Барои қабули меҳмонон 103 адад ҳуҷра бо 300 кат, аз ҷумла, ҳуҷраи президентӣ, 2 супер-люкс, 20 адад ҳуҷраи люкс, 20 адад нимлюкс ва 60 ҳуҷраи стандартӣ сохта мешаванд.

Дар вақти бунёди бинои меҳмонхона ва ҳуҷраҳои қабули меҳмонон сохтмончиён қоидаҳои меъмории миллӣ, истифодаи нақшу нигор ва тарҳи шарқиёнаи лоиҳаро риоя менамоянд. Меҳмонхонаи бисёрошёнаи замонавии “WYNDHAM Dushanbe hotel & Resorts” дорои марказҳои хизматрасонӣ-фароғатии СПА, 2 толори маҷлис, 2 тарабхона, қаҳвахона, лаунч-бар, ҳавзи шиноварии дарунӣ, толори зебоӣ, марказҳои солимгардонӣ-фитнес, нуқтаи фурӯши чиптаҳо, толори зиёфат, мағозаҳои савдои брендӣ ва таваққуфгоҳи нақлиётӣ барои 81 мошин мебошад. Иншооти замонавӣ дар 2 сол аз тарафи соҳибкори ватанӣ Наврӯз Усмонов бунёд мегардад ва баъди мавриди истифода қарор додани он беш аз 240 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Бренди “WYNDHAM hotel & Resorts” яке аз ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ буда, зиёда аз 9200 меҳмонхонаро дар бар мегирад. Дар зиёда аз 80 давлати шаш қитъаи олам хизматрасонӣ мекунад ва 36 меҳмонхонаи “WyndhamGrupp” дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолият менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба меҳмонхонаи “WYNDHAM” сохта мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here