Бонки миллии Тоҷикистон аз оғози фаъолияти як бонк, ки гуфта мешавад бо қавоиди исломӣ фаъолият мекунад, дар бозори Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки ин бонк ҶСК «Тавҳидбонк» аст, ки бо ташабусси саҳмиядорони ҶСК “Соҳибкорбонк”, бинобар ба бонки исломӣ табдил додани бонк бо қарори Маҷлиси умумии саҳмиядорон аз 12 июни соли 2019 номи он ба ҶСК “Тавҳидбонк” иваз карда шуд.

БМТ хабар медиҳад, ки мутобиқи моддаи 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 4, 10, 12 ва 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ва бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2019, таҳти №116 ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тавҳидбонк” барои анҷом додани амалиёти бонкии исломӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни супоридани иҷозатнома барои фаъолияти бонкдории исломӣ ба иҷрокунандаи вазифаи раиси ҶСК “Тавҳидбонк” Шералӣ Зардов изҳор доштааст, ки рӯйдоди мазкур барои низоми бонкии кишвар як саҳифаи нав кушода, баҳри ҷалби сармояи хориҷӣ ва кушодани бонкҳои нав бо принсипи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Тибқи қарори мазкур, иҷозатномаи ҶСК “Соҳибкорбонк” барои иҷрои амалиёти бонкӣ, ки аз 14 октябри соли 2013 дода шудааст, бинобар табдилёбӣ ба бонки исломӣ аз эътибор соқит дониста шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here