Ду ҳодисаи кордзанӣ дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа як нафар ҷароҳат бардошта, як нафари дигар кушта шудааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 21-солаи сокини маҳалаи Шарифободи ноҳия Шаҳринав бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир гардид.

Номбурда, рӯзи 19-уми августи соли 2019, тахминан соати 22:30, дар сари пули ноҳияи Шаҳринав бо марди 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти А.Ҳасанови ҳамин ноҳия муноиқиша карда, бо корд 3 маротиба ба қафаси саннааш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи истиқоматкунандаи шаҳри Қайроқум ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти куштор дастгир карда шудааст. Номбурда, 13-уми августи соли 2019, ҳангоми дар шаҳри Турсунзода қарор доштан, дар ҳолати мастӣ ба назди зани 4-сола, ки ҷойи зисти доимӣ надорад ва муваққатан дар бинои мағозаи фарсудашуда, воқеъ дар маҳаллаи 2-юми шаҳри Турсунзода истиқомат доштааст, омада, бо ӯ даъво кардааст. Дар рафти муноқиша мард бо корд чанд маротиба ба аъзои бадани зан зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Тафтиши ин ҳодисаҳо идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here