Дар шаби охири соли гузашта чанд ҳодисаи кордзанӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар аксари онҳо касе захмӣ шудааст.

Маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ки ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат капдааст, ки 31-уми декабри соли 2020, тахминан соати 23:00, дар маҳаллаи Хуҷандӣ ду ноболиғи 17-сола аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷанҷол карда, нисбаташ дашномҳои қабеҳ гуфта, баъдан, яке аз онҳо бо корд 1 маротиба ба баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 50-солаи сокини ноҳияи Ишкошим муроҷиат кардааст, ки 31-уми декабр, тахминан соати 20:20, ҳангоми дар кӯчаи Сомонии пойтахт, назди бинои «Кохи Борбад», қарор доштанаш, ду ҷавони 19-солаи сокинони пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос уро латукӯб кардаанд. Сипас, яке аз онҳо бо корд 1 маротиба ба пояш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Аз ҷониби кормандони милитсия марди 68-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст. Номбурда, 31-уми декабри соли 2020, тахминан соати 17:30, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамдеҳааш марди 34-сола, даъво карда, бо корди хоҷагӣ 1 маротиба ба шикамаш задаст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here