Беэҳтиётии ронандагону пиёдагордон боис мешавад, ки садамаҳои нохуши нақлиётӣ рух дода, чанд кас ҷони худро аз даст медиҳаду чанд нафари дигар ба маҳбас меравад.

1-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 07:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, Мирзоев Раҳмон Каримович, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Ваҳдат-Рашт-Лахш” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Аминзода Зулҳия, соли таваллудаш 2010, сокини ноҳияи Файзободро пахш кардааст. Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ Аминзода З. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

31-уми августи соли 2017, тахминан соати 19:20, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Қувватов Фахриддин Ёралиевич, соли таваллудаш 1992 сокини деҳаи Марғоби ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Меҳвари ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон Шарифов Тошмурод Сафарович, соли таваллудаш 1959, сокини ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Ҳамадониро пахш кардааст. Бо рух додани чунин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дучархасавор Шарифов Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here