Дирӯз дар роҳҳои кишвар чанд садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки мутаассифона бар асари онҳо одамон ҷони худро аз даст додаанд. Маркази матбуоти ВКД ҶТ аз сар задани чанд ҳодисаи нохушӣ нақлиёти ҳабар дод.

22-юми август, тахминан соати 04:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “ФОТОН”, Бердизода Парвизи Бобомурод соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии баландиаш 300 метр чаппа шудааст.

Дар натиҷа худи ронанда, Бердизода П. ва мусофираш, Одинаев Парвиз Сангалиевич соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ҳисор, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Мусофири дигари автомашина Акбари Турсунмурод соли таваллудаш 1991, сокини ҳамин шаҳр, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Дар ҳамин рӯз, тахминан соати 06:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Латифов Ҷамшед Убайдуллоевич соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ҳамин ноҳия ба самти шаҳри Қурғонтеппа, дар ҳудуди деҳаи Пушкини ҷамоати деҳоти Яккатут аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Тошматова Шаҳбону Авазхоновна соли таваллудаш 2014-ро пахш кардааст. Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин, тахминан соати 11:00-и ҳамин рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер” Олтибоев Абдуҷалил Абдураҳимович соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди ҳудуди деҳаи Бахтовари ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Султонова Ҳадиса Муҳаммадшоевна соли таваллудаш 2016, сокини деҳаи Бахтоварро пахш кардааст. Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ин ҳодисаҳо таҳқиқ мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here