Роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров дар мусоҳибаи барномаи “Чеҳраҳои кунунӣ” дар шабакаи “Россия 1” гуфт, омода аст, аз мансаб канор равад, зеро ба гуфтааш, “замони он фаро расидааст”.

“Метавон гуфт, ин орзуи ман аст. Роҳбари минтақа будан ва масъулияти мардум, масъулияти кишварро назди Худо, назди роҳбарияти давлат ва албатта назди мардум иҷро кардан — хеле душвор аст”, — гуфтааст Қодиров. Зеро барои ҳар иштибоҳ, ба гуфтаи ӯ, “ҳам дар ин ва ҳам дар он дунё” бояд ҷавоб гуфт.

“Аз ин рӯ, ман гуфтанӣ нестам, ки ман хаста шудаам, ё хизмат кардан намехоҳам… Ман бар ин назарам, ки фурсат фаро расид. Замоне, афроде чун ман лозим буданд, ки биҷанганд, назму тартиб барқарор кунанд. Ҳоло назму тартиб ҳаст, эҳтиром, ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷамъият, дар Русия ҳаст. Ман бар ин назарам, ки замони тағйирот дар Ҷумҳурии Чеченистон фаро расидааст”, — гуфтааст ӯ.

Дар посух ба суоли ҷонишинаш Қодиров ҷавоб додааст, ки “ин дар ихтиёри роҳбарияти давлат, тасмими мардум аст”. “Агар аз ман бипурсанд, ки киро мехоҳед — чанд тане ҳастанд, ки саддарсад метавонанд, масъулияти роҳбариро иҷро кунанд”, — гуфтааст ӯ.

Қодиров нагуфтааст, ки баъди канор рафтан аз роҳбарии ҷумҳурӣ ба чӣ кор машғул хоҳад шуд. Баҳори соли 2016 ӯ бори аввал изҳор дошта буд, ки мехоҳад аз мансаб канор равад. Он замон мегуфт, муҳлати салоҳиятҳояш расман ба охир мерасанд. Қодиров аз соли 2007 ба ин сӯ Чеченистонро ҳамчун президент идора мекунад.  

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here