Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз харидуфурӯши одамон аз ҷониби ширкатҳои бо кор таъминкунанда хабар дод.

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар дод, ки бо гузаронидани санҷишҳои прокурорӣ муайян карда шуд, ки ҶДММ «Абдулкарим» воқеъ дар шаҳри Душанбе ноҳияи Фирдавсӣ 15/1, «Ҷамол-2012» воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев 21/7 ва «Имкон-2015» воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Гулпарвар ба таъмини муҳоҷирон  бо кор машғул буда, дар давраи солҳои 2016 ва ниммаи аввали соли 2017 шаҳрвандон Асаналишоева Ш.С., Сироҷова С.А., Келдиев Д.Г, Делаева Р.А… ва дигаронро ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ  сафарбар намуда, дар он ҷо дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони араб берун аз бандҳои дар шартнома дарҷгардида ба корҳои маҷбурӣ ҷалб карда, музди маошашонро  пардохт накардаанд.

Вобаста ба ин ҳолат, яъне барои хариду фурӯши одамон, бо мақсади суистифодаи кор ё хизматрасонии маҷбурӣ, ғуломӣ, ё расму одатҳои ба ғуломӣ ҳамшабеҳ, аз ҷониби кормандони ширкатҳои «Ҷамол-2012», «Имкон-2015» ва «Абдулкарим» бо моддаи  1301 қисми 2 бандҳои «г» ва «ё»-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот  идома  дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here