Хадамоти гумрук аз боздошт шудани як шаҳрванди Қирғизистон ва як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба қочоқи мол аз Чин машғул буданд хабар дод. Онҳо дар маҷмӯъ ба маблағи 6 662 291 сомонӣ молу маҳсулотро ғайриқонунӣ ба кишвар ворид кардаанд.

Шаҳрванди Қирғизистон Ҳ.А. бо маслиҳати пешакӣ бо дигарон 26-уми октябри соли 2017 ба воситаи автомашинаи тамғаи «Хова» рақами қайди давлатиаш О 91 06 АG ядакаш 830 ВR аз Чин 3 номгӯй мол — тунука, масолеҳи пластикӣ барои парда ва матоъро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди Тоҷикистон кардааст.

Мувофиқи маълумотномаи Раёсати батанзимдароии тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки нази Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши молу маҳсулоти тариқи қочоқ ворид намудаи Ҳ.А. ва дигарон маблағи умумии 1 миллиону 461 ҳазору 298 сомониро ташкил медиҳад.

Шаҳрванд Ҳайдаров Азизжон Нумонович соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Душанбе бо маслиҳати пешакӣ 22-юм ва 28-уми сентябри соли 2017 бо воситаи автомашинаҳои тамғаи «Долун» рақами қайди давлатиашон 47 36 00 01 ядакаш 0300АА07, 62 03 00 01 ядакаш 2248АА01, 89 96 ВХ 01 ядакаш 1607АА01, 82 19 АТ 01 ядакаш 1630АА01 ва 82 21 АТ 01 ядакаш 1593АА01 аз Чин зиёда аз 50 номгӯйи молу маҳсулоти ниёзи мардум, таҷҳизоти техникӣ, қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо ва ғайраро бидуни ҳуҷчатгузории гумрукӣ вориди Тоҷикистон кардааст.

Молу маҳсулоти тариқи қочоқ вориднамудаи Ҳайдаров А.Н. ва дигарон маблағи умумии 5 миллиону 200 ҳазору 993 сомониро ташкил медиҳад. Бо назардошти он, ки дар ҳаракатҳои Ҳайдаров А.Н. ва дигарон аломатҳои таркиби ҷиноят дида мешавад, моддаҳои 140, 145, 146, 148, 161, 162 ва 168 Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намуда, нисбати Ҳайдаров Азизжон Нумонович ва дигарон бо моддаи 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пешбурди парвандаи ҷиноятии мазкур ба зиммаи Раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумруки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here