OCCRP – барномае, ки дар бораи ҷиноёти ҷамъӣ ва фасод гузоришҳо таҳия мекунад, дар матлабе дар весбайти худ гуфтааст, ки собиқ раиси ширкати “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон Амонуллои Ҳукуматулло (Ҳукумов) ва аъзои оилаи ӯ дар Ҷумҳурии Чех ва шаҳри Маскави Русия шаш хонаву сохтмон (амлок) доранд.
Дар таҳқиқоти муфассали ин созмон гуфта мешавад, ки гӯё ин хонавода барои харидории манзилу сохтмонҳои боҳашамат шурӯъ аз соли 2012 беш аз 10,6 миллион доллар сарф кардааст.
Бино ба иттилои манбаъ дар осоишгоҳи Марианске Лазне соли 2012 хонаҳо бо арзиши 500 ҳазор ва 1,1 миллион доллар харидорӣ шудаанд, низ ба ҳамин хонавода тааллуқ дорад. Арзиши чор сохтмон дар Карлови Вари аз 200 ҳазор то 5 миллион доллар баровард шуда гаронтарини онҳо як сохтмони маъмурӣ мебошад, ки аксари моликият дар Чехия ба номи Амина Мусоева, ҳамсари Амонуллои Ҳукуматулло сабт шудааст.
Илова ба ин, OCCRP дар бораи як хона дар шаҳри Маскав бо арзиши 1,1 миллион доллар ҳам маълумот додааст, ки гӯё соли 2006 ба даст оварда шудааст ва ба номи писари хонадон – Рустам сабт шудааст. Баъдан ин хона ба хоҳараш Заррина фурӯхта шуд. Инчунин OCCRP иддао кардааст, ки хонаводаи Ҳукуматулло дар қаламрави Чехия се мошини гаронбаҳои навъи Bentley Mulsanne, Ford Raptor ва Skoda Yeti харидорӣ кардааст.
Ин созмон мегӯяд, ки Ҳукуматуллои 66-сола соли 2014 аз мақомаш канор рафт ва бознишаста шуд, вале таҳқиқоти журналистии онҳо собит кардааст, ки хариди ин моликият дар Чехия соли 2012, дар замони сари кор будани ӯ ва баъди он сурат гирифтааст.
Дар матлаби муҳаққиқони созмони OCCRP, аз ҷумла, гуфта мешавад, ки замони шурӯи харидории манзилҳои гаронбаҳо дар Чехия маоши моҳонаи раиси ширкати Роҳи оҳан на бештар аз 5,000 сомонӣ ($625) буд.
Ёдовар мешавем, ки Амонулло Ҳукуматулло аз солҳои 1990 дар сохторҳои ҳукуматӣ кор карда, то соли 2002 узви парлумон ва раиси ширкати “Нафтрасон” буд. Марҳилаи кори ӯ дар “Роҳи Оҳан” 12 сол – 2002 то 2014-ро дар бар мегирад.