Як ҷавони 19-солаи сокини шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро, ки яккаписар ва ятими кул будааст, намояндагони комиссариати ҳарбии ноҳия аз хона “облава” карда, ба артиш бурдаанд.
Ефимова Олеся, холаи Ефимов Тимур Раҳимович (ҷавони облавашуда) имрӯз аз шаҳри Бохтар, замоне, ки аллакай бо ҷиянаш хайрухуш кардааст, дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, тахминан соати 15-и рӯзи 10- уми октябр намояндагони комиссариати ҳарбии ноҳия ба хонааш зада даромада, бе огоҳӣ ва даъватномаи ҳарбӣ ҷиянашро бо худ бурданд.
— Илова бар он ки ҷиянам Тимур яккафарзанд аст, дар се солагӣ падар ва ду моҳ қабл модарашро ҳам аз даст дод, яъне ятими кул монд. Ӯ донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои шаҳри Маскав аст, ва моҳи август, замоне, ки модараш вафот кард, барои видоъ ба Тоҷикистон баргашт. Дар назар буд, ки пас аз маросими чили модар боз ба донишгоҳ баргардад. Маълумотномаи яккаписарӣ, билети донишҷӯияшро ҳам ба инобат нагирифтанд. Комиссари ҳарбии ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ маро фиреб карда гуфт, ки қонун яккаписаронро аз хизмат озод накардааст. Аммо ҳангоме, ки ба прокуратураи ноҳия муроҷиат кардам, гуфтанд, ки яккаписарон ва ятимони кул, агар худашон хоҳиши рафтан надошта бошанд, аз артиш озоданд, — гуфт холаи ҷавон.
Олеся Ефимова гуфт, субҳи имрӯз дар макони сафарбарсозии шаҳри Бохтар ба ӯ хабар додаанд, ки ҷиянашро ба қисми ҳарбии шаҳри Турсунзода мебаранд. Номбурда мегӯяд, Президенти Тоҷикистон амр содир кардааст ва тибқи он яккаписарон ва ятимони кул аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ озоданд, вале чаро мақомдорон амри Президентро ба инобат намегиранд? “Бояд нисбат ба комиссарони ҳарбие, ки амри Президентро писанд намекунанд, чораҳои қонунӣ андешида шавад”, — талаб дорад О. Ефимова.