Беш аз 10 рӯз мешавад, ки оби рӯди Зарафшон баланд гардидаву маҷрои худро дигар карда, чандин Га заминҳои идораи хоҷагии ҷангал, деҳқонони хоҷагиҳои алоҳида, роҳу тӯғай ва ҷангалзорро тахриб карда, ба коми хеш фурӯ бурдааст.

Бо баланд шудани ҳарорати ҳаво, сатҳи оби дарёи Зарафшон баланд ва маҷрои худро дигар карда, ба андешаи сокинони Панҷакент, имсол  ба соҳили чап “ҳуҷум” кардааст.

Дар мавзеъи “Қашқоӣ”, байни ҷамоатҳои Сӯҷина ва Сӯфиён, камтар аз 10 метр монда буд, ки дарё роҳи магистралии Айнӣ – Панҷакентро вайрон кунад. Аммо ҳукумати маҳаллӣ бо ҷалби ҳама ниҳодҳо бо чӯбу шох, сангу харсангу қум маҷрои дарёро гирифтаанд.

Паҳнои дарёи Зарафшон дар баъзе минтақаҳои Панҷакент, то ба 600-800 метр расидааст. Аз рӯи гуфти як корманди идораи Хоҷагии ҷангал беш аз 4 Га заминҳои шолизорро дарё вайрон кардааст.

Чанде аз деҳқононе, ки заминҳояшон ба коми Зарафшон рафтаву онҳоро аз ҳосили имсола номурод кард, дар сӯҳбат ба сомонаи Faraj.tj гуфтанд,  ҳар сол ин дарё ба қавле “қаҳр” мекунад ва маҷрояшро тағйир медиҳад.

Охирон маротиба соли 2015 ё 2016 буд, ки Зарафшон ба соҳили чап омада буд. Он замон ҳам дар пайи тағйири маҷро, ба мо хисороти зиёди молӣ расонида буд. Дарахтонамонро решакан карда бурд, заминҳоямонро шуст, ҳосиламонро нобуд кард – мегӯянд сокинони Панҷакент.

Деҳқонон мегӯянд, намедонанд, ки кадом ниҳод бояд пеши сарбанди дарёро мустаҳкам кунад ва аз шуста шудани заминҳоро пешгирӣ намояд.

Дар ҳамин ҳол коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, як корхонае бо номи “Селҳимоя” фаъолият дошт, ки барои соҳилмустаҳкамкунӣ масъул буд. Аммо ин корхонаро фурӯхтанду тақсим карданд ва дигар намедонанд он имрӯз фаъолият дорад ё ба чи кор машғул аст. Вале яқин аст, ки ба соҳилмустаҳкамкунӣ машғул набудааст.

Ба андешаи деҳқонони Панҷакентӣ, барои барқарор кардани заминҳо ба шакли аввалаашон чанд сол  бояд заҳмат кашид.

Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Панҷакент гуфт,  ҳамасола миллионҳо сомонӣ барои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷудо мешавад. Аммо ин маблағҳо пурра истифода намешаванду бо оби дарёи Зарафшон “обу лой” мешаванд. Чун об ҳар сол ҷоеро вайрон мекунад, санҷишу исбот он ҳам аз тарафи мақомотҳои тафтишотӣ нокушода мемонад – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Дарёи Зарафшон яке аз дарёҳои шӯх дар кишвар буда, аз ноҳияи Масчоҳи Кӯҳӣ сарчашма мегирад ва дар ноҳияи Айнӣ бо дарёи Фон якҷоя шуда аз Панҷакент то ба Самарқанду Бухоро мерасад. Мутахасисон мегӯянд, дар шаҳри Панҷакент ҳамагӣ 1-2%-и оби дарё истифода мешаваду халос. Боқимонда оби ин дарё пурра истеъмол гардида, ба ягон баҳр намерезад ва ҳаммаш заминҳои Ӯзбекистонро шодоб мекунад.

Андешаҳое ҷой доранд, ки агар дарёи мазкур ба як маҷро гирифта шавад, садҳо Га заминҳои нав дар соҳили он пайдо мешавад, ки барои рушду равнақи шоликорӣ хеле хуб будааст.

Барои ба як маҷро гирифтани дарёи Зарафшон ду назари гуногун ҷой дорад. Тарафдорони ин тарҳ мегӯянд, солҳои қабл барои ба як маҷро гирифтани дарё андешаҳо ва ҷонибдорон дар сатҳи ҳукумат буданд.

Аммо ҷониби муқобил мегӯянд дарёи Зарафшон хеле шӯх асту онро намешавад ба як маҷро гирифт, зеро тез аз қум пур мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here