Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иҷрои парвозҳои мустақими чартериро аз Душанбе ба Шарм-ал-Шейхи Миср оғоз менамояд. Фармоишгари хатсайр ширкати сайёҳии «Компас» мебошад, ки намояндагии онро дар Тоҷикистон ширкати «Трансавиа Экспресс» ба зимма дорад.

Намояндаи маъмурияти Сомон Эйр, сардори хадамоти роҳбаладон Бригитта Уэйрем зимни суханронии худ дар маросими муаррифии хатсайр ба шарикони ширкат — «Трансавиа Экспресс» ва «Компас» барои интихоби ширкати Сомон Эйр ва ҳамкориҳои самаранок изҳори сипос намуда, кайд кард: «Давоми фасли тобистон мо якҷоя бо «Трансавиа Экспресс» ва «Компас» парвозҳои чартериро аз Душанбе ба Анталияи Туркия амалӣ намудем ва дар таърихи авиатсияи граждании Тоҷикистон ин аввалин хатсайри мустақим дар ин самт буд. Ин лоиҳа барои мо муваффақ буду мусофиронамон ин хатсайрро, ки барояшон хеле қулай буд, хуб пазируфтанд. Умедворем дар соли 2019 низ мо парвозҳоро аз Душанбе ба Анталия аз сар мегирем ва аминем, ки лоиҳаи нави муштараки Сомон Эйр, Трансавиа Экспресс ва Компас ҳамчунин муваффақу серталабгор хоҳад буд».

Шарм-ал-шейх мисли Анталия дар таърихи ҳавопаймоии тоҷик самти нав буда, то ҳанӯз боре иҷро нашудааст. Парвози нахустин ба ин шаҳри cоҳили Баҳри сурх санаи 29-уми декабр сурат гирифта, дар мавсими зимистон дар даҳ рӯз як маротиба тариқи ҳавопаймоҳои бароҳати Боинг 737-800 ва -900 амалӣ мегардад. Дар сурати афзоиши талабот зичии парвозҳо ва муддати иҷрои лоиҳа зиёд карда мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here