Яке аз зоирони туркман, ки ба зиёрати ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ рафта буд, дар Макка вафот кардааст. Дар тамоми даврони истиқлоли Туркманистон ин нахустин хабари марги ҳоҷии туркман дар мавсими ҳаҷ аст.

“Омӯзгор аз Дашоғуз як рӯз баъди ворид шудан ба Макка вафот кард. Ӯ 70 сол дошт ва ӯро дар Макка дафн карданд”, — гуфтанд пайвандони омӯзгор.

Бо фармони президенти Туркманистон, ҳамасола ширкати “Туркманҳавоелларӣ” ҳоҷиёни туркманро ба Арабистони Саудӣ мебарад.

Хабаргузориҳои расмии Туркманистон 5 август навиштанд, ки соли ҷорӣ 153 шаҳрванди Туркманистон ба зиёрати ҳаҷ мераванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here