Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмуҳаммадзода Ҷамшед оид ба норасоии асъор дар нишасти матбуоти зикр намуд, ки содирот агар зиёд шавад, маблағи асъор пайдо хоҳад шуд.

— Тавозуни манфии гардиши савдои хориҷӣ 955, қариб ҳудуди 1 миллиард аст. Аз моҳи январ сар карда, мавсим оғоз меёбад ва то моҳи май ва июл идома ёфта, норасоии асъор ба назар мерасад. Бисёр соҳибкорон, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ шартномаҳо баста, дар давраи ҳисоботии аввал талаботи асъорро талаб менамоянд. Қайд кардан бамаврид аст, ки талаботи асъор дар аввали сол муддати 4 моҳ то 25 млн доллар дар як рӯз аз ҷониби шахсони ҳуқуқиву воқеӣ, ки ба воридот машғуланд, ба назар мерасад. Дар давоми 6 моҳ ҳамин талаботҳо дар вазъи ҳозира аз ҷониби соҳибкорони истеҳсоливу шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пурра қонеъ гардида истодааст. Аз ҳамин сабаб, қурби асъор ҳам мутаъдил аст,- афзуд ў.

Ҳамзамон, раиси Бонки миллї илова намуд, ки “асъор дар ҷумҳурӣ кам шуд” гуфтан нодуруст аст: “Ин ҳамааш мавсимї аст. Ба ҳамин хотир, бо дигар вазоратҳо мо ҳамкорї карда истодаем. Агар содирот зиёд шавад, маблағи асъор пайдо мешавад. Айни замон 40 млн доллар аз ҳисоби фурӯши барқ , семент, маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра, ки асъорро ба вуҷуд меорад, маблағ ворид гашт.

Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 “сиёсати реҷаи қурбии “шинокунандаи танзимшаванда”, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб”-ро идома дод.

Дар ин давра қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 0,1 фоиз коҳиш ёфт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,7 банди фоизӣ кам мебошад.

Тағйирёбии муътадили қурб зери таъсири якчанд равандҳои мусоидати иқтисодию молиявии ҷаҳону минтақа, бахусус давлатҳои шарикони асосии тиҷоратӣ ва инчунин маҷмуи чораҳои татбиқшавандаи сиёсати пулию қарзӣ сурат гирифтааст.

Аз ҷумла, устуворшавии қурби пули миллии шарикони асосии тиҷоратӣ, аз қабили рубли русӣ 9,2 фоиз, рубли белорусӣ 5,4 фоиз, тангаи қазоқӣ 1,0 фоиз ва юани чинӣ 0,1 фоиз нисбат ба доллари ИМА ба қайд гирифта шудааст, ки ба муътадилии қурби сомонӣ замина гузоштааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here