Тибқи анъана, дар Туркманистон 1-уми сентябр ба ҳамаи хонандагони синфи 1 аз номи президент ноутбук тақдим мекунанд. Дар соли ҷорӣ на ба ҳамаи хонандагон ноутбуки президентӣ тақдим карданд.
«Дар ноҳияҳои Сакарчагину Тагтабозори вилояти Марӣ, инчунин ноҳияҳои Деҳнаву Керкини вилояти Лебап ноутбукҳои ваъдагиро тақдим накарданд», — гуфтааст як манбаъ.
Анъанаи тақдими ноутбук ба хонандагони синфи 1 аз соли 2011 шуруъ шудааст. Соли 2017 хабар расида буд, ки ҳукумати Туркманистон аз Чин 140 ҳазор ноутбук харидорӣ кардааст.
Пештар аз ин хабар расид, ки мақомоти Туркманистон тасмим доранд, дар дохили кишвар истеҳсоли компютерро ба роҳ монанд. Бархе аз расонаҳо навиштанд, ки то кунун дар ин кишвар наздики 100 ҳазор компютер истеҳсол шудааст.