Ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2018 ва бо пешниҳоди раиси шаҳри Душанбе бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шоири ӯзбек Низомиддин Алишер Навоӣ ва баҳри саҳмгузорӣ дар пойдории дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек Боғи «50-солагии ҷавонон», воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ба боғи » Низомиддин Алишер Навоӣ» номгузорӣ карда шуд.

Масъулин ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати дар боғи мазкур гузоштани пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ, ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон вазифадор гардиданд, ки оид ба таҳияи лоиҳаи Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар   бораи эълони озмуни муҷассамаҳои беҳтарин мутафаккирон» чораҷӯӣ намоянд.

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номи кӯчаи «Ташкентская»-и ноҳияи Исмоили Сомониро ба номи Тошканд, кӯчаи «Варзобская»-ро ба номи Варзоб,кӯчаи Варзоб ГЭС-и болоро ба номи Шаббода, кӯчаи «Московская»-и ноҳияи Фирдавсиро ба номи Москва, кӯчаи Туниси ноҳияи Синоро ба номи Хоразмӣ иваз кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here