Имрӯз ду паҳлавонписар ва як духтари варзишгари тоҷик ба набарди чудо камар бастанд ва дар Бозиҳои Осиё-2018 майдондорӣ карданд, ки мутаассифона бе медал монданд.
Беҳрӯз Хоҷазода, ки дирӯз дар кураш дар вазни -81 кг медали нуқра ба даст овард, имрӯз дар вазни -73 кг дар ҷудо ба майдон баромад. Ӯ дар набарди якум варзишгари Лаос Маниван Ламфанро бо ду вазарӣ мағлуб кард. Дар даври баъдӣ Беҳрӯз бо Халил Ребаҳӣ аз Қатар мубориза бурд ва бо ду вазарӣ дар муқобили як вазарӣ дастболо гардид. Сипас, ин паҳлавони тоҷик дар даври чорякфинал бо Ан Шангрим аз Кореяи Ҷанубӣ набард кард ва бо гирифтани як шидо ва бартарии як вазарӣ бар нафъи ҳариф мағлуб гардид.
Паҳлавони дигари тоҷик Акмал Муродов, ки дирӯз дар кураш низ ноком шуда буд, имрӯз дар ҷудо низ ба мақсад нарасид. Ӯ дар вазни -81 кг дар даври аввал, бо он ки ҳарифаш Весам Абурмилаҳ аз Фаластин 3 шидо гирифт, ғолиб омад. Дар даври баъдӣ аз паҳлавони Муғулистон Ууганбаатар Отгонбаатар бо як ипон шикаст хурд.
Шоҳида Қаландарова дар вазни -57 кг байни духтарон Тоҷикистонро намояндагӣ кард, ки дар даври аввал ба шикаст дучор гардид. Ӯ бо ду вазарӣ набардро бар варзишгар аз Кореяи Ҷанубӣ Ҷандӣ Ким бохт.