Паҳлавонони маъруфи Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков, Беҳруз Хоҷазода ва Темур Раҳимов дар мусобиқаи устодҳои ҷудои ҷаҳон (World Masters), ки дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор шуд, ширкат карданд, аммо ба ҷойи ифтихорие сазовор нашуданд, ба ҷуз аз он, ки Раҳимов зинаи панҷумро ба даст овард.

Темур Раҳимов дар вазни +100кг дар даври аввал бар варзишгари Утриш Стефан Ҳегӣ, дар даври дуюм бар паҳлавони Исроил Ор Сассон ғалаба карда, дар чорякфинал аз намояндаи Русия Инал Тасоев, ки медали нуқраи ин вазнро ба даст овард, мағлуб шуд. Темур дар қувваозмоии тасаллобахш бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Минйонг Ким пирӯз шуд, вале дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз паҳлавони Украина Йакив Хаммо шикаст хӯрда, ҷои панҷумро ишғол кард.

Темур Раҳимов барои ҷои панҷум дар мусобиқаи ситораҳои дзюдо 648 хол ба даст овард, ки ин мавқеашро дар раддабандии олимпӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио мустаҳкамтар хоҳад кард.

Дар ин мусобиқа Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -73кг дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб гардиданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here