Уктам Барноев 56 сол дошта, бори аввал ҳанӯз моҳи июл аз коронавирус сироят шудааст. Баъди чанд муддати бистарӣ дар клиникаи хусусии Akfa Medline, воқеъ дар шаҳри Тошканд ва муолиҷаҳои пай дар пай вай ба по хеста, фаъолияташро дубора идома додааст.

Тибқи хабарҳои расида бемории коронавирус ӯро дубора аз пой афтонидааст ва дар Олмон чанд муддат мавриди муолиҷаи пизишкон қарор гирифтааст.

Уктам Барноевро мардуми Ӯзбекистон бештар ба ҳайси ҳокими вилоятҳои Самарқанд ва Бухоро мешинохтанд. Вақтҳои охир ӯ ноиби нахуствазири Ӯзбекистон дар масоили ривоҷ додани соҳаи аграрӣ ва маводи ғизоӣ таъйин шуда буд.

Вай соли 1964 таваллуд шудааст. Солҳои 1997-2000 дар вилояти Бухоро муовини сардори Садорати кишоварзӣ ва обёриро бар дӯш доштааст.  Солҳои 2000-2002 дар вазифаҳои гуногуни Вазорати кишоварзӣ ва обёрии Ӯзбекистон кор кардааст.

Солҳои 2002-2004 ба ҳайси мутахассиси соҳаи агросаноат, солҳои 2004-2005 дар идораи ахбору таҳлили масъалаҳои кишоварзӣ ва обёрии Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ифои вазифа кардааст.

Баъдан ба мақоми ҷонишини вазири кишоварзӣ ва обёрӣ таъйин шудааст. Солҳои 2008-2010 ҳокими вилояти Самарқанд, солҳои 2011-2016 дар вазорати кишоварзӣ ва обёрӣ сардори инспексияи оби ҷумҳурӣ, соли 2016 раиси умумии ширкати “Ӯзагрокимиё” ва аз моҳи бекабри соли 2016 то моҳи феврали соли 2020 дар мақоми ҳокими вилояти Бухоро кор кардааст.

Мувофиқи маълумоти Комиссияи махсуси пешгирӣ аз пахши коронавируси Ҷумҳурии Ӯзбекистон то ин дам теъдоди умумии аз ин вирус сироятшудагон 51 ҳазору 235 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 47 ҳазору 271 нафар саломатии худро барқарор кардаанд. 429 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here