Аз ҷониби  мақомоти маҳалии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ  зиёда аз 13 километр роҳе, ки ноҳияро бо дигар шаҳру ноҳияҳо мепайвандад, бо харҷи беш аз 13 миллион сомонӣ таъмир карда  мешавад.

Сармуҳандиси Муассиаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур Абдулмаҷид Кабиров қайд кард, ки ин роҳ аҳамияти ҷумҳуривидошта буда,  аз соли 1976 то инҷониб боре аз таъмири асосӣ бароварда нашуда буд.

— Аз вазъи хароби ин  роҳ ҳамеша ронандагон шикоят мекарданд. Хушбахтона, соҳибкорони ноҳия тасмим гирифтанд, ки роҳи мазкурро таъмири асосӣ намуда, таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои  нақлиётро дар ин ҷода таъмин созанд, -илова кард ӯ.

Ба иттилоъи манбаъ, айни замон корҳои таъмиру босозӣ дар  роҳ идома дорад, ки  барои навсозии он 7 техника шабонарӯз кор мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here