Идораву ташкилот ва аҳолии ноҳияи Мир Сайид Али Ҳамадонӣ дар назди шабакаҳои барқи ноҳия ба маблағи 16 миллион сомонӣ қарздор мебошанд, ки ин масъулони шабакаҳои барқро нигарон кардааст.

Муовини сардори шабакаҳои барқи ноҳияи мазкур Ҷовидон Абдураҳимов гуфт, ки аз ин 12 миллион сомонӣ қарзи аҳолӣ, беш аз 3 миллионаш аз ташкилоту идораҳо ва як миллиони дигараш  аз пойгоҳои обкашии Уртабуз-1 мебошад.

Манбаъ аз он нигаронӣ кард, ки то кунун деҳаи Сарикули ноҳия, ки дар он беш аз 20 хоҷагӣ иқомат мекунанд, аз барқ ба пурагӣ маҳрум аст.

Масъулони ноҳия кӯшиш доранд, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар деҳаи Сарикулро бо барқ таъмин созанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here