Ташкилоту идора, корхонаву хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар назди нозироти андози ноҳия ба маблағи беш аз 6 миллиону 732  ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.

Роҳбари нозироти андози ноҳияи мазкур Зоир Орифзода дар сӯҳбат ба «Фараж » гуфт, ки бештари ин қарзҳо аз хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад, зеро 90 дарсади андозсупорандагони ноҳияро хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил медиҳанд.

Манбаъ гуфт, барои пардохти андозҳо тамоми тадбирҳо роҳандозӣ карда шудаанд.

— Дар ноҳияи Ҳамадонӣ давоми панҷ моҳи соли равон қисми даромади буҷети ноҳия 100 дарсад иҷро гардидааст, — гуфт Зоир Орифзода.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here