Дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон барои 480 нафар кӯдаки имконияташон маҳдуд аз ҷониби  як нафар соҳибкори Арабистони Саудӣ муассисаи таълимӣ сохта мешавад.

Мудири шуъбаи марифи ноҳияи мазкур Абдуло Ясуфзода гуфт, санги асоси ин мактаб рӯзи 10-уми августи соли равон бо иштироки як гуруҳ меҳмонон дар кучаи Синои маркази ноҳия гузошта шуд, ки он аз ҷониби соҳибкори кишвари Арабистони Саудӣ Муҳаммад Рашид сохта мешавад.

— Ин муассисаи таълимӣ дуошёна буда,  барои 380 нафар кӯдаки имконияташон маҳдуд, камбизоат, ятим ва дигар қишри эҳтёҷманди ҷоме сохта мешавад ва соли 2021 дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давалтии кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт, — гуфт мудири маориф.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here