Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз соли 2010 то инҷониб ба 1 ҳазору 710 оила қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзили зист дода шудаст.

Раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи мазкур Маҳмадшариф Холзода дар сӯҳбат ба «Фараж» гуфт, ки барои эҳтиёҷмандони ноҳияи Балхӣ 244 гектар замин бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ ҷудо гардидааст.

— Аз ин заминҳо то имрӯз 177 гектар ба 1 ҳазору 710 нафар сокини ноҳия, ки ба замин эҳтиёҷ доштанд, 0,8-сотихӣ дода шудаст, — илова кард ӯ.

Манбаъ, ҳамчунин, зикр кард, ки ҳоло 48 гектар замини дигар тақсим нокарда боқӣ мондааст ва тақсимот тариқи қуръакашӣ идома дорад.

Сабаби тӯл кашидани тақисм нашудани ин миқдор заминро ин шахси масъул дар он арзёбиӣ кард, ки  заминҳои ҷудошуда барои ноҳия аз заминҳои чарогоҳ мебошанд ва сокинон намехоҳанд, ин заминҳоро барои бунёди манзил гиранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here