23-юми август дар суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ нисбати Шарипов С.Ф., Абдуллоева Д.Р., Садиева Н.В. бо моддаи 168 ва Шарипов У.С  бо моддаи 169-и Кодекси  ҷиноятӣ баррасӣ гардид, ки онҳо ба хонадоршавии ноболиғон мусоидат кардаанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар доданд.

С.Ф.Шарипов бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамсараш Д.Р.Абдуллоева писари ноболиғаш У.С.Шариповро (санаи таваллудаш 2 майи соли 1999) бо ноболиғи дигар Н.У.Раҳимова (санаи  таваллудаш 21 феврали 2000) ба ақди никоҳ даровардааст. Гуфта мешавад, ки инҳо ҳануз ба синни никоҳӣ нарасидаанд ва бе қайди дахлдор дар мақомоти САҲШ-и ноҳияи Ёвон, моҳи октябри соли 2016 онҳоро бо никоҳи мусулмонӣ ҳамхона кардаанд.

Н.В.Саъдиева дидаву дониста, ки духтараш Н.У.Раҳимова ноболиғ мебошад ва ҳаннӯз ба синни никоҳӣ нарасидааст, далолат ва мусоидат кардааст, то духтараш ба шаҳрванд У.С.Шарипов ба шавҳар барояд.

У.С.Шарипов. дидаву дониста, ки Н.У.Раҳимова ноболиғ асту ҳаннӯз ба синни никоҳӣ нарасидааст, бо ӯ ақди никоҳи мусулмонӣ баст, хилофи қонун оила барпо кардааст.

Оид ба ҳолати мазкур 23 июни соли 2017 аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Ёвон нисбати Шарипов С.Ф., Абдуллоева Д.Р., Садиева Н.В. бо моддаи 168  ва нисбати Шарипов У.С. бо моддаи 169-и Кодекси ҷиноятӣ  парвандаи чиноятӣ оғоз карда шуда, пас аз анҷоми тафтишоти пешакӣ парванда 31 июли соли 2017 бо тасдиқи фикри аӣбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ шудан ба суди ноҳияи Ёвон ирсол карда шудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Ёвон аз 23 августи соли 2017 номбурдагон бо  моддаҳои  дар  боло  қайдгардида  гунаҳкор  дониста  шуда, ба Шарипов С.Ф., Абдуллоева Д.Р. ва Садиева Н.В.  ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба мухлати 1 сол бо нигоҳ доштани 20 дарсади музди меҳнат ва ба Шарипов У.С. ҷазо дар намуди корҳои  ҳатмӣ ба муҳлати 140 соат таъин таъйин карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here