Вақтҳои охир даст ба дуздӣ ва амалҳои номатлуб задани ноболиғон афзудааст. Имрӯз маркази матбуоти ВКД ҶТ аз чунин қонуншиканиҳои ноболиғон дар Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод, ки дар як ҳолат онҳо муташаккилона амал кардаанд.

 

Кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини пойтахт, хонандаи синфи 11-уми яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо ҷурми дуздӣ дастгир кардаанд. 25-ум ӯ бо роҳи пинҳонӣ вориди тарабхонаи “Истиқлол”, воқеъ дар кӯчаи Дӯстии Халқҳо шуда, аз он ҷо ҳамёнеро, ки дар дохилаш 500 доллар ва 300 сомонӣ дошт, дуздидааст.

Ҳамин тавр, се ноболиғи дигар писарбачаҳои 16-17-солаи истиқоматкунандагони ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳоми дуздӣ дастгир гардидаанд. Онҳо аз утоқи кории муҳосиби гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳия 1 говсандуқи (сейф) оҳанин, ки дар дохилаш 35000 сомонӣ ва 8 адад телефонҳои гуногунтамға ҷой дошт, дуздидаанд.

 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here