Ноӯҳдабароии ронандаҳо ва беэҳтиётии пиёдагардон боис мешавад, ки дар садамаҳо одамон талаф ёбанд. Дар садамаҳои рӯзҳои охир ду нафар ҷон додаанд, ки яке кӯдаки ноболиғ ва дигаре марди баркамол будааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар дод.

20-уми август, тахминан соати 11:10, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Шарифов Маҳмадулло Раҳматуллоевич, соли таваллудаш 1982, сокини деҳаи Тиговуни ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Ховалинг-Восеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Сорбони Насимҷон, соли таваллудаш 2008, хонандаи синфи 3-юмро, ки аз тарафи чап ба тарафи рости роҳ мегузашт, зер кардааст. Дар натиҷа, пиёдагарди хурдсол ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

21-уми август, тахминан соати 13:50, ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанху” Хоркашов Суҳроб Мамадатоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Роштқалъа, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Трайд ба самти маркази ноҳияи Роштқалъа, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба дарёи “Шоҳдара” чаппа кардааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Хоркашов Гулҷон Сабдавлатович, соли таваллудаш 1967, сокини деҳаи Трайд, ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here