Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 23-солаи сокини ноҳияи Варзоб муроҷиат намудааст, ки 10-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 18:15, дар деҳаи Шодобаи ҷамоати деҳоти Чорбоғи ҳамин ноҳия шахси номаълум додараш, ҷавони 22-соларо бе ягон асос латукӯб карда, бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба дилаш задааст.

Дар натиҷа бародараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини деҳаи Шодоба, ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here