12-уми август, тақрибан соати 16:30, дар қисми шарқии Тоҷикистон, дар ҳудуди ноҳияи Лахш чархболи МИ-8 бо 13 нафар кӯҳнавард ва 3 сарнишин фуруди изтирорӣ анҷом додааст.

«Ховар» аз қавли сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ иттилоъ дод, ки чархбол ҳангоми бозгашт ба қароргоҳи кӯҳнавардон дар поёноби пиряхи Фортамбек нишасти нобоб анҷом додааст.

Барои мушаххас намудани сабабҳои сар задани ҳодисаи мазкур аз ҳисоби роҳбарони КДАМ, ВКД, КҲФ, Вазорати мудофиа ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ комиссияи ҳукуматӣ ташкил шуда, ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардидаанд. Инчунин, субҳи имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба макони садама ду чархбол бо наҷотдиҳандагону табибонро фиристодааст.

Гуфта мешавад, айни ҳол мушаххас нест, ки кӯҳнавардон шаҳрвандони кадом давлат ҳастанд. Садама дар ҳоле рух додааст, ки кӯҳнавардон баъди фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ба қароргоҳашон бармегаштанд.

Қуллаи Исмоили Сомонӣ баландтарин нуқта дар қаламрави собиқ Шӯравӣ мебошад, ки баландии он 7495 метр аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here