Ширкати истеҳсолии либосу пойафзол “Hydrop” пеш аз зуҳури коронавирус истеҳсоли ниқобҳои  ҳимояткунадаро аз матои тоза ба роҳ монда буд.

Баробари  аввалин шуда ба бозор баровардани  ин мол соҳибони  “Hydrop” талаботи  мизоҷони  “X5 Retail Group” ва   «Ростелеком»-ро пурра қонеъ сохтанд. Дар натиҷа 55 млн рубл дар як моҳи фурӯш ба даст оварданд.

Асосгузори “Hydrop” Марина Росс гуфтааст, ки нияти аз коронавирус истифода бурда, пул кор кардан надошт, танҳо мехост бо ин намуди  маҳсулот ба бозори осиёӣ роҳ ёбад. Чун дар ин қитъа тумани ғуборолуди зарарнок зиёд аст, лекин интизориҳо тағйир ёфтанд.

Аз рӯйи омори охирони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  дар ҷаҳон 1, 7 миллион ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, 105 ҳазор нафар фавтидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here