Тибқи иттиллои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим рӯзҳои 15-16-уми феврал марҳилаи якуми чемпионати шаҳри Хуҷанд дар намуди гимнастикаи бадеӣ байни наврасони соли таваллудашон 2007-2011 дар толори варзишии Варзишгоҳи ба номи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» гузаронида шуд.
Дар чемпионат 56 нафар духтар дар ҳайати дастаи мактабҳои варзишӣ иштирок намуда, байни ҳам сабқат карданд. Беҳтаринҳо сазовори роҳхат ба марҳилаи дуюми чемпионат гардиданд.
Сармураббӣ дар намуди гимнастикаи бадеӣ дар вилояти Суғд Нигорахон Қурбонова мегӯяд, ки таваҷҷӯҳ ба ин намуди варзиш рӯз аз рӯз меафзояд. Солои сеюм аст, ки дар мактабҳои варзишии шаҳри Хуҷанд дарси гимнастикаи бадеӣ гузаронида мешавад, ки дар мактаби варзишии 4-и шаҳри Хуҷанд 72 духтар, дар мактаби варзишии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 50 духтар машқу тамрин мекунанд.
— Моҳи декабри соли гузашта 6 нафар варзишгари мо дар мусобиқаи кушоди гимнастикаи бадеӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок карда, бо 3 медали тилло ва 3 медали нуқра ба ватан баргаштанд, — илова кард ӯ.