Дар Тоҷикистон ширкати ироадиҳандаи хадамоти интернетӣ — “Телеком Технолоҷӣ” фаъолияти хизматрасонии мобилии NGN (Next Generation Network – Шабакаи насли баъдӣ)-ро дубора роҳандозӣ кардааст.

Акнун барои истифодабарандагон ин хизматрасонӣ тариқи ширкатҳои мобилии Tcell ва «Билайн» низ дастрас шудааст. Гуфта мешавад, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, ки ширкатҳо дубора чунин хизматрасониро тариқи интернет ба роҳ мондаанд, ҳанӯз нест.

Намояндагони ширкати “Телеком Технолоҷӣ” ба ИА “АП” гуфтаанд, ки хизматрасонии NGN баъди иҷозат гирифтан аз Хадамоти алоқа барои муштариёнашон имконпазир шудааст. Манбаъ гуфтааст, ки NGN-и ин ширкат чун пештара ҳам дар IP-суроғаҳои маҳалӣ ва ҳам хориҷӣ фаъол аст.

Хадамоти алоқа 18-уми декабри соли гузашта фаъолияти ин хизматрасониро бо роҳи бозхонди иҷозатномаи ширкатҳо қатъ карда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here