Дар кӯчаҳо ва  нуқтаҳои  фурӯши молу маҳсулот эълону рекламаҳое насб мешаванд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу мунозираҳои зиёдро ба вуҷуд меоваранд.

“Пардохти андоз нишонаи тамаддуниятнокӣ мебошад”, “Крезам эҳсоси вазБиниро бартараф мекунад” дар ВАО,  “Лаззати ман”, “Мантухона” номи марказҳои маишӣ, “Футбол дар қалби дил”, “Самые вкусные фильми и сериалы на Мегафон ТV” дар лавҳи таблиғӣ ва монанд ба ин гуна мисолҳо  рекламаҳои номақбул арзёбӣ мешаванд.

Доир ба тарҷума ва пахши рекламаҳои берунӣ мутахассиси пешбари шӯъбаи назорат ва иҷозатдиҳии рекламаи берунӣ дар шаҳри Душанбе  Ҷонибек Холов гуфт, ки бренди ҷаҳониро ягон кас ҳуқуқи тарҷума кардан надорад, ширкатҳое, ки реклама сохтан мехоҳанд, ба мо мактуб мекунанд ва мо онро ба комиссияи кумитаи забон ва хадамоти зиддиинҳисории шаҳр пешниҳод мекунем, назорат аз болои онҳо ҷиддӣ аст ва бе иҷозат паҳн кардани реклама низ ҷарима дорад.

Дар хусуси он, ки дар давоми соли 2019 чанд рекламаи номуносиб ҷарима шудаанд,  масъулини хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфтанд, ки гурӯҳи корӣ ташкил шудааст ва дар дар фурсати наздиктарин натиҷаҳои онро ба ВАО хабар медиҳанд.

Файзуллохон Обидов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here