Генерал Назарзода аз афзоиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонону ноболиғон, махсусан хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино изҳори нигаронӣ карда, гуфт, “аксари ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ва кирдорҳои зиддиҳуқуқии таъсири васеи ҷамъиятидошта маҳз дар ҳудуди ноҳияи Сино содир мешаванд”.

Номбурда ин нуктаро ҳафтаи равон зимни як ҳамоиш дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ва қарорҳои раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, баланд бардоштани маърифат ва маданияти ҳуқуқии ҷавонону наврасон ва пешгирӣ аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев доир гардид, ироа кард.

Номбурда сабабу омилҳои афзоиши ҷинояткориро, бо такя ба таҳлилҳои мақомот, ба “надоштани дониш, ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ, дур мондан аз назорати волидайн” рабт дод, ки боис гаштааст, ки “хонандагон ба одитарин кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ даст зада, пайроҳаи бадномкунандаи ҷиноятро ихтиёр менамоянд”.

Ҳамчунин, Назарзода аз тамоми масъулин ва падару модарон даъват ба амал овард, ки назоратро аз болои ноболиғон дурусттар ба роҳ монда, нагузоранд, ки фарзандони онҳо ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда, аз ҷумла корду кастет ва дастчӯбҳои оҳанину чӯбинро бо худ гардонанд. Таҳлилҳои тафтишотӣ нишон додаанд, ки “аз беназоратии се табақа: волидайн, ҷомеа ва омӯзгор аксари наврасону ноболиғон ҷиноятро бо корду дигар ашёҳои ба сифати силоҳи сард муаррифишаванда содир мекунанд”.

Дар мулоқот муовинони раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва Гуреззода Умед, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, раиси ноҳияи Сино Салимзода Нусратулло ва роҳбарону намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва судии ноҳияи Сино, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, маориф ва дин, роҳбарони муассисаҳои хизматрасонӣ ва кумитаи маҳал дар ноҳияи Сино ширкат намуданд.

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here