Мувофиқ ба солшуморӣ субҳи имрӯз, 20-уми март, соати 08:50 бо вақти Душанбе, Наврӯз дар сартосари Тоҷикистон фаро расид. Ҳоло дар ҳар гушаву канори кишвар ин иди фархундапайро ҷашн мегиранд.

Одамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз омадани Наврӯз шодиёна мегиранд ва табрику таҳният мегӯянд. Чанде аз корбарон қудуми Наврӯзро фархунда гуфта, умед кардаанд, ки бо расидани ин ҷашни пок қудуми наҳси коронавирус ба Тоҷикистон намерасад.

Дар ин баробар, таваҷҷуҳи мардум дар ин рӯз бештар ба шодбошии наврӯзии сафири Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ҷалб шудааст. Ин намояндаи ҳукумати ИМА шодбошии худро бо забони тоҷикӣ ироа ва ин рубоиро қироат кардааст:

Тамоми дашт дорад бӯйи Наврӯз,

Чӣ зебо ҳасту барно рӯйи Наврӯз.

Гулу булбул ғазалхону табиат

Ҳаменӯшад фараҳ аз ҷӯйи Наврӯз!

Наврӯз муборак

Дӯстон, Наврӯзатон хуҷаста бод! 🌹☘️🌺Табрикоти Сафир Поммершайм ба муносибати фаро расидани иди Наврӯз.——-Navruz greetings from Ambassador Pommersheim.

Geplaatst door U.S. EMBASSY, DUSHANBE, TAJIKISTAN op Donderdag 19 maart 2020

Ин намояндаи Амрико дар Тоҷикистон ва бештар аз сафирони ин кишвар дар ҳар ҷашну маросим кӯшиш мекунанд, то табрикоташон бо забони тоҷикӣ бошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here