Дастаи наврасони футболбози Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ғолиби мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2021» шуд, ки дар шаҳри Мински Беларус ба поён расид.

Наврасони Тоҷикистон дар бозии ниҳоӣ бар ҳамсолони худ аз Беларус бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуданд. Меҳмонон аввал гол заданд, аммо наврасони тоҷик тавонистанд, ки ба як голи онҳо бо чор гол ҷавоб диҳанд. Голҳоро Аббос Андалебов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Сунатулло Азизов ва Амирҷони Фаррухзод заданд.

Дар бозии дигари ин давр бачаҳои Қазоқистон ба дарвозаи ҳамсолонашон аз Молдова 5 голи беҷавоб заданд.

Қаблан, дар ду бозии аввал дар мусобиқа дар Минск шогирдони Аҳлиддин Турдиев бо дастаҳои мунтахаби наврасони Қазоқистон (7:1) ва Молдова (5:1) бозӣ карда, ба натиҷаҳои бузург комёб шуда буданд.

Ҳамин тариқ, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) аз нӯҳ имтиёзи имконпазир нӯҳ хол ба даст оварда, ғолиби мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд-2021» дар Минск гардид.

Дарвозабони дастаи мунтахаби наврасоони Тоҷикистон Сафармад Ғаффоров беҳтарин дарвозабони мусобиқа эътироф шуд. Капитани дастаи мунтахаби Тоҷикистон Меҳрубони Абдурауф унвонии беҳтарин ҳимоятгарро ба даст овард ва нимҳимоятгар Хусрав Тоиров ҷоизаи беҳтарин бозигари «Ҷоми рушд-2021»-ро соҳиб шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here