Дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон (U-16) дар финали мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон бо дастаи мунтахаби наврасони Қазоқистон (U-17) бозӣ мекунад.

Дастаи мунтахаби футболбозони навраси Тоҷикистон бо роҳбарии мураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон, дар як гурӯҳ бо дастаи мунтахаби Қазоқистон-2 (U-16) ва Арманистон (U-17) бозӣ кард ва дар ҳарду вохӯрӣ пирӯз гардид. Дар натиҷа бо 6 имтиёз дар ин гуруҳ дар ҷойи аввал қарор гирифта ва ба финал баромад.

Футболбозони навраси мо дар бозии аввалашон бар дастаи мунтахаби Арманистон дастболо шуда буданд (2:1). Голҳоро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Сунатулло Азизов ва Муҷовид Шовайсиддинов ба ҳадаф расонданд.

Футболбозони навраси мо дар даври сеюми бозиҳои гурӯҳӣ дар гурӯҳи “В” бар дастаи мизбон – Қазоқистон (U-16) бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд. Голҳоро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Раҳматшо Раҳматзода ва Муҳаммадворис Сайдалиев заданд.

Ҳарифи дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар финал дастаи Қазоқистон (U-17) мебошад, ки дар даври сеюм бар Литва (U-17) бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. Финали мусобиқа фардо, 28-уми август, дар шаҳри Нурсултон ба нақша гирифта шудааст. Дастаҳои Литва (U-17) ва Қазоқистон (U-16) барои ҷои сеюм ва Арманистон (U-17) бо Қирғизистон (U-17) барои ҷои панҷум бозӣ мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here