Наврасони футболбози Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон, ки дирӯз дар шаҳри Нурсултони ин кишвар ба анҷом расид, ҷойи дуюмро ишғол карданд.

Дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон (U-16) дар бозии ниҳоӣ аз дастаи мизбон – Қазоқистон (U-17) бо ҳисоби 0:3 шикаст хурданд. Дар бозиҳои даври гурӯҳӣ шогирдони Аҳлиддин Турдиев бар дастаи мунтахаби 17-солаҳои Арманистон (2:1) ва Қазоқистон-2 (2:1) ғалаба карда буданд.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо медалҳои нуқра ва ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 5000 доллар сарфароз гашт. Ғолиби мусобиқа дастаи Қазоқистон (U-17) дар баробари медалҳои тилло 7000 доллар, барандаи медали биринҷӣ дастаи наврасони Литва 3000 доллар ба даст оварданд.

Бозингари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Алиҷон Айнӣ беҳтарин нимҳимоятгари мусобиқа дониста шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here