Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев бо тими наврасони Уммон дар Душанбе бозии дуюми рафиқона доир кард. Ин бор вохӯрӣ бо ҳисоби 3:3 ба поён расид.

Дар муқоиса бо бозии аввал, ки чанд рӯз пеш баргузор шуд, ситоди мураббиён дар ҳайати асосӣ як қатор тағйирот ворид кард. Ин буд, ки днмаи аввали бозӣ бо пирӯзии меҳмонон анҷом ёфт. Ҳисоб дар дақиқаи 35-ум аз ҷониби Абдул Алим Абдулло Саъдулло Ал-Раваҳӣ кушода шуд. Баъд аз 3 дақиқа Мишарӣ Алӣ Сайф Ал-Ҳасанӣ ҳисоби бозиро афзуд. Абдул Раҳмон Сауд Юнус Ал-Ҷабрӣ дар дақиқаи 45 ҳисобро ба 0:3 расонд. Қабл аз анҷоми нимаи аввал Хуршед Убайдуллозода тавонист ҳисобро тағйир диҳад.

Баъд аз танаффус Аҳлиддин Турдиев бозигарони дигарро ба майдон баровард. Дар дақиқаи 47 Афлаҳ Солеҳ Ҷамил Ал-Ҷарадӣ нохоста тӯбро вориди дарвозаи дастааш кард. Футболбозони мо ҷараёни бозиро ба даст гирифта, дар дақиқаи 83 тавассути Абдуфаттоҳ Худойдодзода ҳисобро баробар карданд – 3:3.

Дар бозии қаблӣ 22 апрел дастаи мунтахаби наврасони мо бар ҳамсолонашон аз Уммон бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки моҳи сентябри соли равон ба нақша гирифта шудааст, омодагӣ мебинад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here