— Дар дили ҳамаи шумо меҳри  қалам ҳаст. Шумо бо умед ба ин даргоҳ омадаед. Агар бо мақсади ягона ба ин роҳ омадед, пас ба орзуятон мерасед. Мо низ мисли шумо будем, ними шароити шуморо ҳам надоштем…  Дар синфи 6-ум мехондаму ба газетаи “Пионери Тоҷикистон” мавод мефиристодам. Аввалин бор дар зери навиштаам номамро дида, сарам ба осмон расида буд. Бо ҳамин ба навиштан сар карда будам,  — гуфт нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо зимни мулоқот бо донишҷӯёни факултети журналистика.   

Нависандаи маъруф Кароматуллоҳи Мирзо, ки меҳмони навабати маҳфили “Паҳно”–и кафедраи журналистикаи байналхалқӣ буд, дар оғози мулоқот дар бораи фаъолияти чандинсола, ки дар матбуот дошт ёдрас шуду бо ифтихор “як умр газетачӣ будам” гуфт.

— Пештар мардум бисёр газетхону китобхон буданд. Гапҳое, ки ба очаву отаашон намегуфтанд, ба газета мегуфтанд. Ман аз газетаҳо мавзӯъ меёфтам…, —  дар посух ба суоли донишҷӯён, ки оид ба “сужаву қаҳрамони асарҳо” буд,  нависанда чунин гуфт.

— Бисёр журналистони ҷавон назди мо меоянд. Аз мо ному насаб мепурсанд. шумо “шоиред ё нависанда” мегӯянд. То бо қаҳрамон ва мавзӯъ хуб шинос набошед, беҳтар аст, ки хомӯш бошед, — ба ноозмудакории журналистони ҷавон эрод гирифт  нависанда.

Ӯ ҷиҳати ба нашр роҳ ёфтани аввлин ҳикояву повестҳояш саҳми нависандаи зиндаёд Фазлиддин Муҳаммадиевро хеле бориз арзёбӣ намуд. Инчунин, меҳмони маҳфил аз ҳаёти устодону ҳамқаламон низ нақлҳо кард.

— Боре мо чанд нафар навқаламон дар суҳбати Толис будем. Он кас  “зиндагии мо пур аз мавзӯъ аст” гуфтанду ба хаёл рафтанд. Баъд аз нақли мӯйсафедон, ки асоси воқеӣ дошту замоне шунида буданд,  як  воқеаро мисол оварданду “агар ин ҳодисаро ҳал карда тавонед, ҳикояи хуб мешавад” гуфта буданд. Ин воқеа дар бораи ҳамон духтаре буд, ки ба гапи дӯстдоштааш даромада, пеш аз шаби никоҳ гурехта буд, — аз дафтари ёддоштҳо нақл кард нависанда.

Донишҷӯён дар бобати қаҳрамону сужаҳои романи охирони нависанда “Ишқи сархӯр” изҳори фикр карданду ба саволҳояшон аз муаллиф посух гирифтанд.

Дар хотимаи мулоқот нависанда аз дидгоҳи худ сабаби серхонанда будани асарҳояшро чунин шарҳ дод: “Нависанда бояд навиштаи худашро хонда тавонад, яъне сабри хонданро дошта бошад. Дар навиштаҳои ман умумигӯйӣ нест. Маро дар нақд “нависандаи деҳотӣ” мегӯянд. Бештарини хонандаҳоям низ мегӯянд, ки “мо дар асарҳоятон гуфтугӯйи мардумро мебинем”. Агар касе  хонад, воқеан, мефаҳмад, ки дар онҳо шираи гапи мардум аст”.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here