Дирӯз ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” фурӯши билетҳои худро ба самти Маскав шурӯъ кард. Давоми рӯз тамоми билетҳо фурӯхта шуданд, вале мардум то ба ҳол аз он ҳайронанд, ки чӣ тавр дар як дам тамоми билетҳо тамом шуданд.

Ба қавли масъулини хазина то ба ҳол 870 нафар худро барои харидани билет номнавис кардаанд.

— Имрӯз зиёда аз 100 нафар билет гирифтанд, — мегӯяд шахсе, ки мардумро ба рӯйхат мегирифт.

Як масъули хазина бо исрор ба мардум мегуфт, ки билетҳо барои рӯзи 6-ум ва 13-уми апрел тамом шудаанд.

Инчунин масъулин иброз доштанд, ки танҳо билетҳои мансуб ба ширкати “Сомон Эйр”–ро мефурӯшанд, билетҳои “Ютейр” бояд аз дигар хазинаҳо дастрас шаванд. Аммо ин хазинаҳо дар куҷоянд, касе ҷавоб надод.

Як нафар, ки соҳиби билет шуда буд, гуфт: “Барои 6-ум билет гирифтам, бо нархи 4051 сомонӣ. Чор рӯз боз дар ҳамин ҷо навбатпоӣ мекардам”.

Бо ҳамин ин охирон нафаре буд, ки билет харид. Нафарони баъди ҳамагӣ ноумедона аз дохилӣ бино мебаромаданд ва мегуфтанд, ки билет барои ду парвоз кайҳо фурӯхта шудааст.

Шахси дигаре, мегӯяд давоми се рӯз ин ҷост, вале то ба ҳол натавонистааст, билет харад.

“Айни ҳол билет барои то рӯзи13-ум нест, мо интизори иҷозати ба фурӯш баровадани билет барои парвозҳои баъдӣ ҳастем”, – гуфт яке аз масъулин.

Инчунин, дар хазина иброз доштанд, ки рӯзҳои наздик фурӯши билет дар дигар хазинаҳо низ ба роҳ монда мешавад.

Бахтиёр Раҳматуллоев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here