Дирӯз қуръакашии сеюми иқдоми «Бахтатро бисанҷ» (Лови удачу) аз Tcell баргузор шуд, ки дар он ғолибони марҳилаи миёнадаврӣ ва соҳибони ҷоизаҳои телевизорҳои тамғаи Samsung, смартфонҳои Huawei Y7 ва ноутбукҳои Terra муайян гардиданд.

Рӯйхати ID-рамзҳои ғолиб:

  • Смартфонҳои Huawei Y7: S0015040 ва N0062916
  • Samsung TV: S0074296 ва N0019715
  • Ноутбукҳои Terra: S0096070 ва N0034130

Ғолибони ҷоизаҳо аз шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Бохтар, Панҷакент ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд.

Қуръакашӣ барои пахши телевизион дар студияи телевизиони “Сафина” дар Душанбе ва дафтари марказии ширкат дар Хуҷанд дар ҳузури аъзои комиссияи иқдоми мазкуру  меҳмонон баргузор ва сабт карда шуд. Аксия то 31 декабр идома меёбад. Барои ширкат дар иқдом шитоб кунед, зеро ҷоизаҳои асосии бозӣ 6 автомобили Hyundai мебошанд, ки аз онҳо 3 автомобил барои муштариёни вилояти Суғд ҷудо шудааст.

Ба рақами кӯтоҳи 707 занг занед, ё фармони * 707 #-ро иҷро карда, соҳиби рақами мушаххаси рамз (ID) шавед ва иштирокчии аксия гардед.

Шумораи рақамҳои идентификатсионӣ барои ҳар як муштарӣ маҳдуд нест, арзиши як ID ҳамагӣ 2 сомониро ташкил медиҳад. Фармон тафтиши ID — * 707 * 7 # аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here