20-уми август дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия мусобиқаҳо оид ба гимнастика, бадминтон, баскетбол, волейболи соҳилӣ, велосипедронӣ, аспсаворӣ, шамшербозӣ, футбол, ҳандбол, чавгонбозӣ, кабадди, парашутсаворӣ, қайиқронии академӣ, сепак такрав, тирандозӣ, софтбол, шиноварӣ, таэквондо, теннис, волейбол, тӯббозӣ дар об, вазнбардорӣ, гуштӣ ва ушу доир гардиданд.

Аз Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар доданд, ки варзишгарони мо дар намудҳои варзиши футболи бонувон, тирандозӣ, шиноварӣ, таэквондо ва гуштӣ иштирок карданд, аммо аз медалҳо бенасиб монданд.

Дастаи футболи бонувони кишвар ин навбат бо дастаи Чин карда, боз ҳам бо ҳисоби 0:16 шикаст хурд. Бозии якумро футболбоздухтарони кишвари мо бо ҳамин ҳисоб ба даста Кореяи Шимолӣ бохта буданд.

Дар намуди тирандозӣ аз туфанг ба масофаи 10 метр Тоҷиддин Валиев миёни мардон ва Малика Лагутенко миёни бонувон рақобат карданд. Тоҷиддин дар байни 44 нафар ҷои 34-ум ва Малика миёни 60 нафар ҷои 41-умро ишғол карданд.

Дар шиноварӣ варзишгарони мо Тюрина Анастасия ва Климик Карина дар масофаи 50 метри баттерфлай миёни бонувон дар гурӯҳҳои худ ҷойи 7-умро ишғол карданд. Анастасия, ҳамчунин, дар масофаи 100 метр ба таври озод дар гурӯҳи худ охирин шуда ба марра расид ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гашт. Миёни мардон Рамзиёр Хоркашов дар масофаи 50 метр ба таври пуштнокӣ (backstroke) дар гурӯҳи худ аз ҳама охир ба марра расид.

Дар намуди таэквондо Маҳмадҷон Суннатов дар вазни -58 кг ба майдон баромад. Ӯ дар даври 32-ниҳоӣ бар варзишгари Камбоҷа ғалаба кард, вале дар даври 16-ниҳоӣ аз варзишгари Эрон шикаст хӯрд.

Дар гуштии озод Фарҳод Анақулов дар вазни 125 кг дар рақобати аввал аз намояндаи Муғулистон мағлуб гардид.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here