Бо бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ боз як  иншооти фарҳангию фароғатӣ дар маҳаллаи “Дӯстии халқҳо”-и шаҳри Хуҷанд  ифтитоҳ ёфт. Тандис бо баланди 6,5 метр қомат афрохта, дар паҳлӯи он ихтирои дастгоҳи нуҷумии ин мунаҷҷими барҷастаи тоҷик — устурлоб сохта шудааст. Дар дохили боғ Планитария низ бунёд гардидааст, ки аз толори аксбинии сайёра, толори тамошо ва қабули меҳмонон, утоқҳои корӣ, таҳхона иборат аст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ радду бадали фикр дар бораи ном ва шахсияти  мунаҷҷим гарм шуд. Вақте мухбири вебгоҳи Faraj.tj дар гурӯҳи фейсбукии “Ман Хуҷандро дӯст медорам” саволи “Абӯмаҳмуди Хуҷандиро пештар мешинохтед?” гузошт, ғайримунтазира аксарият ҷавоби манфӣ доданд.

Як тан корбари фейсбук навишт: “Аз Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ 2 рисолаи риёзӣ ва 6 рисолаи нуҷумӣ бо номҳои зайл боқӣ мондаанд, ки дар китобхонаҳои Бейрут, Қоҳира, Оксфорд, Порис ваТеҳрон маҳфузанд :“Масоил мутафарриқа ҳандасиййа”, Китоб ал-ола аш-шомила”, “Рисола фӣ тасҳеҳи -л-майл ва арзи -л- балад”, “Китоб ал-амал би-з-зарқола”,  “Рисола ас-сафиҳа ал-афоқиййа ал-мусаммо би-л-ҷомиа”, “”Китобсамт ал-қибла”, “Китоб фӣ соати-л-мозиййа фи-л-лайл”.

Дар ин бора бо корбарон пурсиш гузаронидем ва бештарини онҳо нашинохтани фарҳехтагони миллатро айби худи сокинон донистанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here