Як ронандае, ки дар ҳолати сархушӣ аз маводи мухаддир қарор доштааст, дар шаҳри Душанбе нозири роҳро бо мошини худ пахш кардаааст, ки корманди БДА ба ҳалокат расидааст.

Ин воқеа дирӯз дар мавзеи пули маҳаллаи 103-юми шаҳри Душанбе рух додааст. ИА «АП» менависад, ки ин ҳодиса шомгоҳон рух дода, лейтенанти калони милитсия Камолиддин Ҳукуматов автомашинаеро, ки бо суръати баланд ҳаракат мекардааст, манъ кардан хостааст, аммо ронанда бо мошин ба ӯ бархӯрда, ӯро аз по афтондааст. Аз ин зарба корманди БДА ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра», сокини 23-солаи пойтахт Отабек Ашӯров ба талаботи манъ кардани нозири БДА итоат накарда, ӯро пахш мекунад. Баъдтар ин ронанда боздошт ва зимни муоинаи тиббӣ ошкор шудааст, ки ӯ дар ҳолати сархушӣ аз маводи нашъаовар автомашинаро идора мекардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here