Ё чаро як кило лимӯ дар бозори “Бозори деҳқон” 10 сомониву дар бозори Меҳргон 20 сомонист?

Имрӯзҳо дар бозорҳои пойтахт баланд гардидани  нархи орд, мева ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал норозигии сокинонро ба миён овардааст. Бо мақсади фаҳмидани он, ки ин иддаои сокинон то куҷо асос дорад, хостем аз бозорҳои пойтахт дидан кунем.

Корхонаи воҳиди давлатии “Бозори деҳқон” миёни сокинони пойтахт ҳамчун бозори фурӯши маҳсулоти арзони кишоварзӣ шинохта шудааст. Дар даромадгоҳи бозор фурӯши чакана ва дар дарунтари он фурӯши яклухти маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Нархи аксари маҳсулоти дар ин бозор бафурӯш гузошташуда нисбат ба як моҳи пеш, гаронтар шудааст. Нигаронии мардум пеш аз ҳама аз баланд гардидани қимати орд мебошад. Имрӯз дар КВД “Бозори деҳқон” нархи як халта орди навъи якум 215-225 сомонӣ, навъи дуюм 195-200 сомонро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки моҳе пеш қимати як халта орди навъи якум 205-210 сомонӣ ва навъи дуюм 185-190 сомонӣ буд. Фурӯшандагони бозор сабаби боло рафтани қимати ордро, ба сарфи маблағи зиёд ҳангоми интиқоли гандум аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон тариқи нақлиёт, рабт медиҳанд.

Дар ярмаркаи доимамалкунандаи истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи авввалия дар назди КВД “Бозори деҳқон” нархи 1 кг гӯшт – 50 сомонӣ, 1 кг равғани пахта – 12 сомонӣ, 1 кг картошка – 2,8 сомонӣ, сабзӣ – 1,8 сомонӣ мебошад. Дар дохили бозор низ нархи гӯшт, сабзӣ ва пиёз мисли нархи маҳсулоти ярмарка буда, танҳо қиммати картошка 0,4 сомонӣ арзонтар буда, 2,4 сомонӣ аст.

Дар КВД “Бозори деҳқон” нархи мевагиҳо, дар фурӯши чакана — 1 кг анор аз 10 то 13 сомонӣ, ангур аз 10 то 15 сомонӣ, 1 кг хурмо – 4 сомонӣ ва 1 кг лимон — 10 сомонӣ аст. Дар фурӯши чакана бошад, қимати 1 кг анор — 8 сомонӣ, 1 кг ангур – 9 сомонӣ,1 кг хурмо – 2,5 сомонӣ ва 1 кг лимон 10 сомониро ташкил медиҳад. Нархи анору лимон дар муқоса ба 1моҳи пеш 6 – 7 сомонӣ арзонтар аст. Ин дар ҳолест, ки дар кишвар ҷамъоварии анору лимон ҷараён дорад.

Аз сабзавотҳо қимати 1 кг помидор дар фурӯши чакана – 7 сомонӣ, 1 кг бодиринг – 5 сомонӣ, 1кг қаламфури булғорӣ – 6 сомонӣ, 1 кг боқлаҷон – 2 сомонӣт,1 кг карам – 1 сомонӣ ва1кг гулкарам – 2 сомонӣ мебошад.

Нархи наво дар бозори «Меҳргон»-и пойтахт дар муқоиса ба нархи маҳсулоти КВД “Бозори деҳқон” тамоман фарқкунанда аст. Дар ярмаркаи Агентии захираҳои моддии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нархи 1 халта орди 50 кг, навъи якум , ки истеҳсоли ватанӣ мебошад  – 180 — 185 сомонӣ, навъи дуюм – 160 – 165 сомонӣ аст. Лекин меваҷоту сабзавоте, ки дар даромадгоҳи бозор ба фурӯш гузошта шудааст, нисбат ба маҳсулотҳои КВД “Бозори деҳқон” гаронтар аст. Ҳарчанд дар рафҳои фурӯш нархномаи маҳсулот насб нагардида буданд, лекин вақте мо аз фурӯшандагон нархи меваҷоту сабзавотро пурсон шудем, чунин посух доданд

— Қимати 1 кг анор —  30 сомонӣ ( ҳамин навъи анор дар «Бозори деҳқон» 15 сомонӣ), 1 кг — ангур 23 сомонӣ (ҳамин навъи ангур дар «Бозори деҳқон» 15 сомонӣ) ва 1 кг лимон – 20 сомонӣ ( дар «Бозори деҳқон» 12 сомонӣ ) аст. Нархи 1 кг помидор – 12 сомонӣ, 1 кг боқило – 10 сомонӣ буда, дар канортари бозор арзиши 1 кг картошка – 4 сомонӣ ва1 кг сабзӣ – 3,5 сомониро ташкил медод.

Чуноне дидем, дар  баробари он, ки нархи маҳсулот дар кишвар то андозае болову поён шудааст, инчунин арзиши маҳсулоти якхела, дар бозорҳои пойтахт аз ҳам фарқкунанда аст. Зимнан, ярмаркаи доимамалкунандае, ки дар назди «Бозори деҳқон» амал мекунад, ҷойи он, ки маҳсулоташ нисбат ба маҳсулоти дохили бозор арзонтар бошад, ҳамоно нархи навояш якранг бо маҳсулоти дохили бозор аст.

Маҳкамзода Маҳкам,

муҳассили Мактаби рӯзноманигории МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here