Қирғизистон ба омӯзишу баррасии намунаи ваксинаи ширкати Pfizer оғоз кардааст. Мутахассисон бояд шароитҳои рафти қабули он, нигаҳдорӣ ва зуд эмгузаронии онро омӯзонанд. Дар бораи ин муовини вазири тандурустии Қирғизистон Нурболот Усенбоев хабар додаааст.

“Барои он ки мо ваксинаи аз ҷониби ширкати Pfizer истеҳсолшударо истифода барем, бояд онро бо яхдонҳое, ки сардии 70 дараҷа доранд, таъмин кунем. Мутаассифона, айни ҳол чунин яхдонҳо дар ҷумҳурии мо вуҷуд надоранд ва мо бояд инро амиқ омӯзем. Агар зарур бошад, мо бояд василае пайдо кунем, ки занҷираи сарди (cold chain – холодная цепь) мувофиқро барои ваксина дар ҷумҳуриамон таъмин созем”, — қайд кардааст ӯ.

Муовини вазир гуфтааст, ки барои эмгузаронӣ ва истифодабарии ваксинаи мазкур боз ҳафт ваксинаи дигар бояд омӯхта шаванд ва баъд аз ин метавонанд онро истифода баранд. Дар баробари ин, омӯхтани ваксинаи русӣ низ идома дорад.

“Шумо медонед, ки кайҳо ду ваксина ба қайд гирифта шуда, ба муомилоти шаҳрвандӣ ворид карда шуданд, яъне онҳо барои эмкунии оммавии аҳолӣ истифода мешаванд. Мо низ ин равандро меомӯзем. Мо гузинаи беҳтарин, аз ҷумла сифати ваксина, таъмини яхдонҳо, омӯзонидани мутахассисони хеш ва маъракаи эмкунии аҳолӣ аз сирояти коронавирусро хоҳем ҷуст”,- қайд кардааст Усенбоев.

Дар охири моҳи декабр кишварҳои ИА ба эмгузаронии оммавии аҳолӣ бар зидди коронавирус шуруъ карданд. Онҳо ваксинаеро, ки аз ҷониби ширкатҳои бузурги Pfizer ва BioNTec истеҳсол шуда буд, истифода бурдаанд. Ваксинаи мазкурро Комиссияи Аврупо пас аз тавсияҳои мусбати ваксина аз ҷониби Агентии дорувории Аврупо тасдиқ кард.

Самаранокии дору баъд аз омӯзишҳои охирон 95 дарсадро дарбар гирифтааст. Ваксинаи мазкур бояд дар дамои -70 дараҷа нигоҳ дошта шавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here